Пас шайтон ҳардуро ба хатогӣ андохт - яъне, аз васвасаи шайтон фирефта шуда, аз он дарахти манъшуда бихурданд - ва он ду нафар (Одам ва Ҳавво (алайҳима-с-салом)-ро аз биҳиште, ки дар он буданд, берун ронд. Гуфтем: «Фуруд оед, баъзе аз шумо душмани баъзеи дигар хоҳед буд (яъне Одам, Ҳаво ва шайтон) 1 Ба қароргоҳу ҷои бархурдории шумо то рӯзи қиёмат дар замин бошад ва барои шумо дар замин то муддате оромгоҳ ва баҳрамандӣ аст».