Эй касоне, ки имон овардаед, агар ба ҳамдигар воме [пардохтед ё муомилаи насияе анҷом] додед, ки саррасиди муайяне дошт, онро бинависед; ва бояд нависанда [қарордоди ин корро] бар асоси адолат байни шумо бинависад ва ҳеҷ нависандае набояд аз навиштанаш худдорӣ кунад, ҳамон гуна [ва ба шукронаи он], ки Аллоҳ таоло ба ӯ омӯзиш додааст; ва касе, ки вом бар уҳдаи ӯст [қарздор] бояд имло кунад ва ӯ [нависанда] бинависад; ва бояд аз Аллоҳ таоло, ки Парвардигори ӯст, бипарҳезад ва аз [маблағ ва муддати] он [вом] чизе накоҳад. Агар касе, ки вом бар уҳдаи ӯст, сафеҳ [кӯдак ё девона] ё нотавон аст ё худ наметавонад имло кунад, бояд сарпарасти ӯ бо [риояти] адолат имло кунад ва ду шоҳид аз мардонатонро [бар он қарордод] гувоҳ бигиред. Агар ду мард набошад, як марду ду зан аз миёни гувоҳоне, ки [ба адолати онон] ризоият доред [гувоҳ бигиред], то агар яке аз он ду [зан] фаромӯш кард, дигаре ба ӯ ёдоварӣ кунад; ва ҳангоме ки гувоҳон [барои адои шаҳодат] даъват шаванд, набояд [аз омадан] худдорӣ кунанд. Ва аз навиштани [қарз] то саррасидаш [озурда ва] дилгир нашавед, хоҳ [маблағаш] кам бошад хоҳ зиёд. Ин [кор] дар назди Аллоҳ таоло ба адолат наздиктар ва барои гувоҳӣ додан устувортар ва барои он, ки [дар миқдор ва муддати вом] дучори тардид нашавед, [ба адолат] наздиктар аст; магар ин ки доду ситади нақдӣ бошад, ки байни худ даст ба даст мекунед. Дар ин сурат гуноҳе бар шумо нест, ки онро нанависед; ва ҳангоме ки доду ситад [-и нақдӣ] кардед, гувоҳ бигиред ва [дар ин миён] набояд ба нависанда ва гувоҳ [ҳеҷ] ранҷу зиёне бирасад; ва агар [чунин] кунед; бе шак [баёнгари] нофармонии шумо хоҳад буд; ва [эй муъминон], аз Аллоҳ таоло парво кунед [ва муомилотро ба ҳамон шакле, ки амр мекунад, анҷом диҳед]. Аллоҳ таоло [он чиро, ки барои дунё ва охирататон судманд аст] ба шумо омӯзиш медиҳад ва Аллоҳ таоло ба ҳар чиз доност