Касоне, ки рибо мехӯранд, [рӯзи қиёмат аз қабр] барнамехезанд; магар монанди бархостани касе, ки бар асари тамоси шайтон девона шудааст ва [наметавонад таодули худро ҳифз кунад]. Ин бад-он сабаб аст, ки онон [рибохорон] гуфтанд: "Доду ситад низ монанди рибост [ва ин ҳар ду молро афзун мекунад]"; дар ҳоле ки Аллоҳ таоло, доду ситадро ҳалол ва риборо ҳаром намудааст. Пас, ҳар ки аз [ҷониби] Парвардигораш панде ба ӯ бирасад ва [аз рибохорӣ] даст бардорад, он чи гузашта ва [судҳое, ки қабл аз нузули ҳукми рибо дарёфт кардааст] аз они ӯст ва [дар мавриди оянда низ] кораш ба Аллоҳ таоло вогузор мешавад; ва [аммо] касоне, ки [ба рибохорӣ] бозмегарданд, аҳли оташанд ва дар он ҷовидонанд