Ва мисли касоне ки моли худро барои талаби ризои Аллоҳ, бинобар устувории эътиқоди худ нафақа мекунанд, монанди боғе аст, ки дар теппае қарор дорад ва бар он борони сахте биборад ва ду баробар мева диҳад ва агар борони сахт бар он наборад, борони сабуке (шабнам) кифоят кунад.1 Ва Аллоҳ бар он чи мекунед ба зоҳир ва ботини шумо биност. Ва ҳар якро ба дараҷаи ихлосаш подош медиҳад.