Ва [Эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Иброҳим гуфт: "Парвардигоро, ба ман нишон бидеҳ, чи гуна мурдагонро зинда мекунӣ"? [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Магар имон наёвардаӣ"? Гуфт: "Бале, вале [мехоҳам] қалбам ором бигирад". Фармуд: "Пас, чаҳор парранда бигир [ва бикуш] ва пора – пора кун [ва дар ҳам биёмез], сипас бар ҳар кӯҳе порае аз онҳоро бигзор, [ва] онгоҳ онҳоро [ба сӯйи худ] фаро хон; [хоҳӣ дид, ки зинда мешаванд ва] шитобон ба сӯйи ту меоянд; ва [эй Иброҳим], бидон, ки Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст"