[Эй паёмбар], оё [достони] он шахсро надонистаӣ, ки аз [сари мастӣ] он ки Аллоҳ таоло бар ӯ фармонравоӣ бахшида буд бо Иброҳим дар бораи Парвардигораш муҷодала мекард? Ҳангоме ки Иброҳим гуфт: "Парвардигори ман касе аст, ки зинда мекунад ва мемиронад". [Намруд] Гуфт: "Ман [низ] зинда мекунам ва мемиронам". Иброҳим гуфт: "Аллоҳ таоло хуршедро аз машриқ [берун] меоварад, пас, ту онро аз мағриб биёвар". [Дар ин ҷо] Он ки куфр варзида буд, мабҳут шуд; ва Аллоҳ таоло ситамгоронро ҳидоят намекунад