Ин паёмбарон [ки номи бархе аз онон гузашт] бархе аз эшонро [дар дарёфти ваҳй ва теъдоди пайравон] бар бархе дигар бартарӣ додем. Аз [миёни] эшон касе [ҳамчун] буд, ки Аллоҳ таоло бо ӯ сухан гуфт ва дараҷоти бархе [дигар] аз ононро боло бурд; ва ба Исо писари Марям нишонаҳои равшане [бар исботи нубувваташ] додем ва ӯро тавассути Руҳулқудус [Ҷабраил] таъйид [ва тақвият] кардем; ва агар Аллоҳ таоло мехост, касоне, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он [ҳама] нишонаҳои равшане, ки барояшон омад, бо якдигар ҷанг намекарданд; вале [бо ҳам] ихтилоф карданд ва бархе аз онон имон оварданд ва бархе куфр варзиданд; ва агар Аллоҳ таоло мехост, [ҳаргиз] бо ҳам намеҷангиданд; вале Аллоҳ таоло он чиро мехоҳад, анҷом медиҳад