Пас, ба фармони Аллоҳ таоло, онҳоро шикаст доданд ва Довуд [ҷавони неруманду шуҷое, ки дар лашкари Толут буд] Ҷолутро кушт ва Аллоҳ таоло фармонравоиву нубувватро ба ӯ бахшид ва аз он чи мехост, ба ӯ омӯхт; ва агар Аллоҳ таоло [фитнаи] бархе аз мардумро тавассути бархи дигар [дур намекард] намеронд, ҳатман замин табоҳ мегардид; вале Аллоҳ таоло бар ҷаҳониён бахшиш дорад