Пас, ҳангоме ки Толут бо лашкариён раҳсипор шуд, ба онон гуфт: "Аллоҳ таоло [шикебоии] шуморо ба василаи як наҳр [об] озмоиш мекунад; ҳар ки аз он бинӯшад, аз [ёрони] ман нест ва ҳар ки аз он нанӯшад, ҳатман аз [ёрони] ман аст; магар касе, ки бо дасти худ муште [аз он об] баргирад [ва ба андозаи кафи дасте биошомад]". Пас, ҷуз иддаи каме ҳамагӣ аз он [об] нӯшиданд; ва ҳангоме ки ӯ ва касоне, ки бо ӯ имон оварда буданд, аз он [наҳр] гузаштанд, [аз камии афроди худ нороҳат шуданд ва бархе] гуфтанд: "Имрӯз мо тавоноии [муқобилият] бо Ҷолут ва сипоҳиёнашро надорем". [Дар ин ҳангом касоне, ки ба дидори Аллоҳ таоло [дар охират] яқин доштанд, гуфтанд: "Чи басо гурӯҳи кучаке, ки ба фармони Аллоҳ таоло бар гурӯҳи бисёр пирӯз шуданд ва [бидонед, ки ҳамвора] Аллоҳ таоло ҳамроҳи сабркунандагон аст"