Паёмбарашон ба онҳо гуфт: Нишонаи [ростӣ ва дурустии] фармонравоии ӯ, ин аст, ки тобути аҳд бароятон мерасад, ки мояи оромише аз сӯйи Парвардигоратон мебошад ва дарунаш бозмондаи мероси хонадони Мӯсо ва Ҳорун [ҳамчун асо ва бархе алвоҳи Таврот] қарор дорад ва дар ҳоле мерасад, ки фариштагон онро бардоштаанд. Агар муъмин бошед, мусалламан дар ин [амр] нишонае [дар мавриди ҳаққонияти Толут] бароятон вуҷуд дорад