[Эй паёмбар] Оё [аз достони] гурӯҳе аз [ашрофу бузургони] Бани Исроил хабар дорӣ, ки баъд аз Мӯсо ба паёмбари худ гуфтанд: "Фармонравое бароямон интихоб кун, то [ба дастураш] дар роҳи Аллоҳ таоло биҷангем"? [Паёмбарашон] Гуфт: "Шояд агар ҷиҳод бар шумо муқаррар шавад, [сарпечӣ кунед ва] ҷиҳод накунед". Гуфтанд: "Чаро дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод накунем, дар ҳоле ки аз хонаҳоямон ронда шудаем ва писаронамон [-ро куштаанд ё ба асорат бурдаанд]"? Пас, ҳангоме ки ҷанг бар эшон муқаррар шуд – ҷуз иддаи каме аз онон – [ҳамагӣ] сарпечӣ карданд; ва Аллоҳ таоло ба [ҳоли паймоншиканон ва] ситамгорон доност