Ва барои шумо гуноҳе нест, -эй мардон- ки ба таври киноя аз занон хостгорӣ кунед ва ё дар дилҳоятон ба занӣ гирифтани онҳоро пинҳон намоед, Аллоҳ медонад, ки шумо ҳаргиз бо хомӯш нишастанатон аз онҳо сабр натавонед кард, балки онҳоро ёд мекунед,
Аз ҳамин сабаб ёд кардани онҳоро ба таври киноя ва пинҳон доштан дар худ мубоҳ гардонд, вале ба онҳо ваъдаи пинҳонӣ надиҳед, (монанди зино ё гуфтугу кардан барои хонадорӣ дар айёми иддаашон,) магар ин ки сухани некӯ бигуед ва тасмим ба ақди никоҳ нагиред, то вақте ки идда ба поён расад ва бидонед, ки Аллоҳ медонад он чиро ки дар дилатон ҳаст. Пас аз Ӯ битарсед ва бидонед, ки Аллоҳ омӯрзгор аст ба касоне, ки аз гуноҳи худ тавба мекунанд ва меҳрубон аст, зуд ба ҷазои бад намегирад.