Ва афроде аз шумо, ки мемиранд ва ҳамсарон [-и ғайри бордор аз худ] боқӣ мегузоранд, [он занон барои издивоҷи муҷаддад] бояд чаҳор моҳ ва даҳ рӯз интизор бикашанд [ва идда нигаҳ доранд] ва ҳангоме ки муддати иддаи худро ба поён расониданд, дар мавриди он чи онон ба таври шоиста [ва машруъ] дар бораи [зиндагии] худ анҷом диҳанд, гуноҳе бар шумо [сарпарастон] нест; ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст