Ва модарон [бояд] фарзандони худро ду соли тамом шир диҳанд. [Ин дастур] Барои касест, ки бихоҳад даврони ширхораги [-и фарзандаш]-ро такмил кунад; ва бар соҳиби фарзанд [падар] лозим аст хӯроку пӯшоки онон [модарон]-ро [дар муддати шир додан] ба таври шоиста [фароҳам кунад]. Ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавоноиаш мукаллаф намешавад; на модар бояд ба хотири фарзандаш зиён бубинад ва на падар ба сабаби фарзандаш. [Агар падари кӯдак фавт карда буд ва моле ҳам надошт] Монанди ҳамин [тааҳҳудоти падар] бар ворис [низ] лозим аст; пас, агар он ду [падару модар] бо ризояту машварати якдигар бихоҳанд [кӯдакро зудтар] аз шир бозгиранд, гуноҳе бар онҳо нест; ва агар хостед, ки барои фарзандатон дояе бигиред, гуноҳе бар шумо нест; ба шарте ки он чи [аз ҳуқуқу дастмузд] муқаррар кардаед, ба таври шоиста бипардозед; ва аз Аллоҳ таоло парво кунед ва бидонед, ки Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед биност