Ва ҳангоме ки занонро талоқ додед ва [муддате] иддаи худро ба поён расонданд, [шумо, эй сарпарастон] ононро боз надоред, ки агар [бар асоси меъёрҳои шаръӣ] ба тарзи писандидае байни хеш ба тавофуқ расида буданд, бо шавҳарони [собиқи] худ издивоҷ кунанд. Ин [дастуре аст], ки ҳар яке аз шумо, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон дорад, ба он [ҳукм] панд дода мешавад; ва ин [дастур] бароятон пурбаракаттар ва покизатар аст; ва Аллоҳ таоло [хайру салоҳи шуморо] медонад ва шумо намедонед