Агар [шавҳар барои бори савум] ӯро талоқ дод, пас аз он [зан] барояш ҳалол нест; магар ин ки [бо қасди издивоҷи ҳақиқӣ ва на барои ҳалол шудан] бо шавҳари ғайр аз ӯ издивоҷ кунад [ва бо вай ҳамбистар шавад. Дар ин сурат] Агар [шавҳари баъдӣ фавт кард ё] ӯро талоқ дод, агар [ду ҳамсари собиқ] мепиндоранд, ки ҳудуди [аҳкоми] Аллоҳро барпо медоранд, гуноҳе бар он ду нест, ки [бо издивоҷи муҷаддад] ба якдигар бозгарданд. Инҳо ҳудуди Аллоҳ таоло аст, ки онҳоро барои мардуме, ки огоҳанд [ва ба ислом имон доранд], баён мекунад