Талоқ [-и раҷъӣ] ду бор аст; пас, [аз он мард ё бояд ҳамсарашро] ба тарзи шоиста нигоҳ дорад, ё ба некӣ раҳо кунад; ва [эй мардони мусулмон] бароятон ҳалол нест, ки [заррае] аз он чиро ба онон додаед [маҳрия ва монанди он] пас бигиред, магар он ки [зану шавҳар] битарсанд, ки натавонанд [ҳуқуқи заношӯиву] ҳудуди илоҳиро барпо доранд; пас, [ҳалли ихтилофро ба хешовандон ё дӯстони худ месупоранд; ва шумо эй муъминон] агар тарсидед, ки [мумкин аст завҷайн] ҳудуди илоҳиро барпо надоранд, гуноҳе бар он ду нест, ки зан [барои розӣ кардани мард ба талоқ маҳрияашро бибахшад ё ба ӯ] фидяе бипардозад [ва талоқи хулъ бигирад] . Инҳо ҳудуди [аҳкоми] илоҳӣ аст; пас, аз онҳо таҷовуз накунед; ва ҳар ки аз ҳудуди Аллоҳ таоло таҷовуз кунад, пас чунин одамон, бешак, ситамгоронанд.