Туро, эй Паёмбар, аз ятимон мепурсанд: чи гуна ҳамзистӣ кунанд бо онҳо дар зиндагиашон? Бигӯ: Ба салоҳ овардани кори онҳо беҳтар аст. Ва агар бо онҳо ҳамзистӣ дар хӯрданиҳо ва муомилаҳо мекунед, пас онҳо бародарони шумоанд. Аллоҳ фасодкорро аз ислоҳгар бозмешиносад ва агар хоҳад бар шумо сахт мегирад, ки Аллоҳ азизу ҳаким аст!