[Дар оғоз] мардум як уммат буданд [аммо дар амри дин ихтилоф карданд]; он гоҳ Аллоҳ таоло паёмбаронро башоратбахшу бимдиҳанда барангехт ва ҳамроҳ бо онон китоб [-и осмонӣ]-ро ба ҳақ нозил кард, то миёни мардум дар он чи ихтилоф доштанд, доварӣ кунанд; ва фақат касоне, ки Таврот] ба онон дода шуда буд – пас аз он ки нишонаҳои равшан ба онҳо расид – ба хотири ситам ва ҳасодате, ки байнашон буд, дар мавриди он ихтилоф карданд; пас, Аллоҳ таоло ба фармони хеш касонеро, ки имон оварда буданд, ба ҳақиқате, ки дар он ихтилоф доштанд, ҳидоят намуд; ва Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад