[Мавсими] ҳаҷ дар моҳҳои мушаххасе аст [аз оғози Шаввол то даҳуми Зулҳиҷҷа]; пас, касе, ки дар ин моҳҳо ҳаҷро [бар худ] воҷиб гардонад, [бояд бидонад, ки] дар ҳаҷ, омезиши ҷинсӣ ва [иртикоби] гуноҳ ва даргирӣ [ва ҷидол раво] нест ва он чи аз корҳои нек анҷом медиҳед, Аллоҳ таоло онро медонад; ва [хӯроку пӯшоки мавриди ниёзи ҳаҷро барои худ фароҳам кунед ва] тӯша баргиред, [вале ба ёд дошта бошед, ки] ба ростӣ, беҳтарин тӯша парҳезкорист ва, эй хирадмандон, аз ман парво кунед