Эй мӯъминон, ҳамеша дар роҳи Аллоҳ барои нусрати динаш ва ҷиҳод дар роҳи Ӯ харҷ кунед ва худатонро ба дасти хеш аз тарки ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ва харҷ накардан дар роҳи Аллоҳ ба ҳалокат маяндозед ва некӣ кунед (дар харҷ кардан ва тоъат) ва амалатонро холис барои Аллоҳ кунед, ки Аллоҳ аҳли ихлос ва некӯкоронро дӯст медорад.