Ҷангидани шумо, эй мӯъминон бо мушрикон дар моҳе, ки Аллоҳ ҷангиданро дар он ҳаром кардааст1, ҷазоест барояшон дар он моҳ, яъне, ҳар чизе ки мавриди эҳтиром қарор гирад аз моҳи ҳаром, шаҳри ҳаром ва тамоми чизҳое, ки шариъат ба такрими он амр кардааст, пас ҳар кас ба ин муқаддасот ва муҳаррамот беҳурматӣ кунад, аз ӯ қасос гирифта мешавад. Бинобар ин касе дар моҳи ҳаром биҷангад, бо ӯ ҷанг хоҳад шуд. Ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки Ӯ бо парҳезгорон аст!