Аз ту, эй Паёмбар, дар бораи ҳилолҳои моҳ1 мепурсанд, бигӯ: Аллоҳ онро нишона гардондаст барои донистани мардум вақтҳои ибодати худро, ба монанди расидани вақти рӯза ва ҳаҷ ва муомилоташон. Ва накӯкорӣ он нест, ки аз пушт ба хонаҳо дароед, вале накӯкорӣ роҳи касонест, ки парҳезгор бошанд ва аз дарҳо ба хонаҳо дароянд.2 Бинобар ин Аллоҳ хабар дод, ки ин некӯкорӣ нест ва Аллоҳ ин корро машруъ накардааст. Балки некӯкорӣ он аст, ки
аз Аллоҳ битарсад ва аз гуноҳ дур шавад. Ва дар ҳама ҳолат аз Аллоҳ битарсед, то растагор шавед.