[Эй муъминон] Омезиш бо ҳамсаронатон дар шаб [-ҳои] рӯза бар шумо ҳалол гардидааст. Онон либоси шумо ҳастанд ва шумо либоси эшон. Аллоҳ таоло медонист, ки шумо бар худ хиёнат мекардед [ва бо он ки дар авоили ислом омезиш дар моҳи рамазон ҳаром буд, шумо бар он бетаваҷҷуҳ будед], пас, тавбаатонро пазируфту аз шумо даргузашт. Пас, акнун [дар шабҳои рамазон метавонед] бо онон омезиш кунед ва он чиро, ки Аллоҳ таоло бароятон муқаррар доштааст [аз эшон] талаб кунед. Бихӯред ва биошомед, то риштаи сапеди субҳ [фаҷри содиқ] аз риштаи сиёҳ [шаб] бароятон ошкор гардад, он гоҳ рӯзаро то шаб ба поён бирасонед ва, дар ҳоле ки дар масоҷид муътакиф ҳастед, бо занон омезиш накунед. Ин марзҳо [-и аҳком]-и илоҳӣ аст, пас, ба онҳо наздик нашавед. Аллоҳ таоло чунин оёт [ва аҳком]-и худро барои мардум равшан месозад, бошад, ки парҳезкор шаванд