Моҳи Рамазон он аст, ки дар вай Қуръон ҳамчун раҳнамо барои мардум ва суханони равшан аз ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳаққу ботил фуруд оварда шуд. Пас ҳар кас, ки аз шумо ин моҳро дарёбад, бояд ки дар рӯзҳои он моҳ рӯза бидорад. Ва ҳар кас, ки бемор ё дар сафар
бошад, барои ӯ рухсат аст рӯза надорад, баъд аз он барои вай ба шумораи он чи фавт шуд, аз рӯзҳои дигар рӯза доштанаш лозим аст. Аллоҳ дар шариъати худ барои шумо осониро мехоҳад ва ба шумо душворӣ ва машаққатро намехоҳад ва мехоҳад, ки иддаро1 комил созед. Ва дар иди Рамазон пас аз адои рӯза Аллоҳро бо такбир ёд кунед ва бар ҳидоятёфтанатон Ӯро бузург доред ва бар тавфиқе, ки ба шумо арзонӣ намудааст, шукргузор бошед.