Эй касоне, ки имон овардаед, дар [мавриди] куштагон [ки барқасд ба қатл расонида шудаанд, ҳукми] қасос бар шумо муқаррар гаштааст: Озод дар баробари озод ва барда дар баробари барда ва зан дар баробари зан. Пас, агар касе [хешованди мақтул] дар ҳаққи бародар [-и дини]-аш [қотил] бахшиш намояд, бояд [аз азобу озораш бипарҳезад ва бо ӯ] хушрафторӣ намояд ва [қотил низ бояд мутақобилан дия-хунбаҳоро] ба некӣ ба ӯ бипардозад. Ин [ҳукм] тахфифу раҳмате аст аз сӯйи Парвардигоратон. Пас, агар касе баъд аз он [гузашту қабули дия] таҷовуз кунад, азоби дарднок [дар интизор] дорад