Некӣ [фақат] ин нест, ки [барои намоз] рӯйи худро ба сӯйи машриқ ва [ё] мағриб кунед, балки некӣ [рафтори] он касе аст, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат ва фариштагону китоби [осмонӣ] ва паёмбарон имон оварда бошад ва моли [худ]-ро, бо вуҷуди дӯст доштанаш, ба хешовандону ятимон ва мустамандон ва дар роҳмондагону дархосткунандагон [гадоён] ва дар [роҳи озодии] бардагон бибахшад ва намоз бар пой дорад ва закот бипардозад ва [низ] онон, ки чун аҳд мебанданд, ба паймонашон вафо мекунанд ва [касоне, ки] дар фақру сахтӣ ва зиёну беморӣ ва ба ҳангоми [шиддат гирифтани] набард, [пойдорӣ ва] шикебоӣ мекунанд, онон [ки ба ин вижагиҳо оростаанд], касоне ҳастанд, ки рост гуфтанд ва онон парҳезгоронанд