[Бо вуҷуди ин оёти равшан] бархе аз мардум ҳамтоёни ғайр аз Аллоҳро [барои парастиш] бармегузинанд ва онҳоро ҳамчун Аллоҳ таоло дӯст медоранд, вале касоне, ки имон овардаанд, Аллоҳро бештар дӯст доранд ва онон, ки [бо ширку иртикоби гуноҳон] ситам карданд, ҳангоме ки азоби [қиёмат] – ро бубинанд, [хоҳанд донист], ки тамоми қудрат аз они Аллоҳ таоло аст ва ин ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст