Ба дурустӣ, дар офариниши осмонҳо бинобар баландӣ ва васеъияш ва замин бинобар кӯҳу пастӣ ва дарёҳояш ва дар паи якдигар омадани шабу рӯз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва сабаби нафъи мардуманд
ва дар бороне, ки Аллоҳ аз осмон фурӯ мефиристад, то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он пароканда кунад ва дар гардонидани бодҳо ва абрҳои ромшуда, ки миёни замину осмонанд, дар ҳамаи инҳо барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост! Ва ба ин далелҳо мефаҳманд, ки ба ҷуз Аллоҳ ҳеҷ кас сазовори ибодат нест.