Ва аз ҳар ҷо, ки берун шудӣ, пас, [дар ҳангоми намоз] рӯйи худро ба сӯйи Масҷид-ул-ҳаром кун ва [шумо, эй муъминон] ҳар ҷо ки бошед, рӯйи худро ба сӯйи он [масҷид] кунед, то мардум алайҳи шумо ҳуҷҷате надошта бошанд [то бо истинод ба онҳо баҳонатарошӣ кунанд], магар касоне аз эшон, ки ситам карданд [ва ҳамвора душманатон хоҳанд буд]. Пас, аз онҳо натарсед ва аз ман битарсед [ин тағйири қибла барои он буд], ки неъматамро бар шумо тамом кунам [ва шуморо мутамоиз созам], бошад, ки ҳидоят шавед