[Эй паёмбар] Ба ростӣ, ки мо гардондани рӯятро ба [сӯйи] осмон [ки дар интизори ваҳйи илоҳӣ барои тағйири қибла ҳастӣ] мебинем. Акнун туро ба [сӯйи] қиблае бозмегардонем, ки ба он хушнуд мешавӣ, пас, рӯйи худро ба сӯйи Масҷид-ул-ҳаром кун ва [шумо низ, эй муъминон, барои адои намоз] ҳар ҷо будед, рӯйи худро ба сӯйи он бигардонед. Касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онҳо дода шуд, ба хубӣ медонанд, ки ин [тағйири қибла фармони] ҳақ аст [ва] аз ҷониби Парвардигорашон мебошад ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунанд, ғофил нест