Ҳамон гуна [ки қиблаи шумо як қиблаи миёна аст] шуморо низ уммати миёна [ва аҳли эътидол] қарор додем то [дар рӯзи қиёмат] бар мардум гувоҳ бошед [ки паёмбарони илоҳӣ паёмашонро ба дурустӣ расонидаанд] ва паёмбар бар шумо гувоҳ бошад [ки каломи Аллоҳро ба шумо расонидааст] ва мо қиблаеро, ки бештар бар он будӣ [Байт-ул-муқаддас], қарор надодем, магар барои ин ки касеро, ки аз паёмбар пайравӣ мекунад, аз касе, ки ба ақиб бозмегардад [ва аз итоати Аллоҳ таоло ва расулаш рӯйгардон мешавад], бозшиносем. Мусалламан ин [ҳукм] ҷуз бар касоне, ки Аллоҳ таоло ҳидояташон карда бошад, сангину душвор аст. Аллоҳ таоло ҳаргиз имон [ва намоз]-и шуморо зоеъ намегардонад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло нисбат ба мардум дилсӯзу меҳрубон аст