Мардумони бехирад аз яҳуду насрониён ва аҳли нифоқ онон, ки ақлашон заиф аст, тамасхурона хоҳанд гуфт:
«чӣ чиз онҳоро аз қиблае, ки рӯ ба рӯи он меистоданд, баргардонид?» Эй Расул,
ба онҳо бигӯ: «Машриқу Мағриб ва мобайни он мулки Аллоҳ аст ва Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад!». (Танбеҳ: Ҳама чиз мулки Аллоҳ аст, ҳатто ҳамаи ҷиҳат ва атроф аз мулки Ӯ хориҷ нест ва дар ҳама ҳол ба ҷо овардани амри Аллоҳ лозим аст. Пас ба кадом тараф амр намояд, ба ҳамон тараф рӯ меорем.) 1