Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Иброҳим ва Исмоил асосҳои хонаро баланд мекарданд, ва ҳар ду бо хушӯъ дуъо карда гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, аз мо амалҳои шоиста ва дуъоямонро бипазир, ки ту шунаво ба суханони бандагонат ва доно ҳастӣ ба аҳволи онҳо!»