Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Иброҳим гуфт: "Парвардигоро, ин [сарзамини Макка]-ро шаҳри амн бигардон ва аҳли онро – [яъне] касоне аз эшонро, ки ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон овардаанд – аз меваҳои [гуногун] рӯзӣ бидеҳ". [Аллоҳ таоло] фармуд: "Ҳар ки кофир шавад, андаке баҳрамандаш месозам, сипас ӯро ба азоби оташ мекашонам ва чи бад саранҷоме аст"!