Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Иброҳим дар дуъояш гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин шаҳри Маккаро ҷои амн гардон ва аз сокинонаш касеро, ки ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон доранд, аз ҳар меваҳо рӯзӣ деҳ!». Аллоҳ фармуд: «Ҳар кас, ки кофир шуд, ӯро андаке дар ин дунё баҳраманд гардонам, сипас ба азоби оташ дучораш гардонам», чӣ ҷои бозгашти бадест!