Эй Паёмбар, ба ёд ор, вақте ки Каъбаро ҷои ҷамъшавӣ (барои ҳаҷ, умра, тавоф ва намоз)1 ва макони амни мардум сохтем. Ва душман ба онҷо ғайрати даромадан надорад. Ва гуфтем: Мақоми2 Иброҳимро намозгоҳи хеш гиред. Ба сӯи Иброҳим ва писараш Исмоил ваҳй фиристодем: «Хонаи маро барои тавофкунандагону эътикофкунандагон3 ва рукӯъу саҷдакунандагон покиза доред!»