Ва [эй паёмбар, ёд кун аз] ҳангоме ки Аллоҳ таоло Иброҳимро бо суханон [-и фарогир бар аҳкому таколифи шаръӣ] озмуд ва ӯ ҳамаро ба хубӣ ба анҷом расонд. [Аллоҳ таоло ба вай] Фармуд: "Ман туро пешвои мардум қарор медиҳам". [Иброҳим] гуфт: "[Парвардигоро] Аз фарзандонам [низ пешвоёне қарор бидеҳ, то мардум ба онон иқтидо кунанд]". [Аллоҳ таоло] Фармуд: "Аҳду паймони Ман [бо ту дар мавриди пешвои дин] ба ситамгорон намерасад"