Эй Паёмбар, ба ёд ор вақтеро, ки Парвардигори Иброҳим ӯро ба чанд калимае 1 биёзмуд ва Иброҳим ҳамаи он корҳоро пурра ба анҷом расонид. Аллоҳ ба ӯ гуфт: «Ман туро пешвои мардум мегардонам». Иброҳим гуфт: «Ва аз фарзандони ман низ пешвоён пайдо кун!» Аллоҳ фармуд: «Пешвоӣ дар дин ба ситамкорон намерасад».