Онон, ки [аз аҳли китоб ва мушрикон ҳастанд ва аз оини илоҳи чизе] намедонанд гуфтанд: "Чаро Аллоҳ таоло бо мо сухан намегӯяд? Ё [чаро] муъҷиза ва нишонае барои мо намеояд"? Касоне, ки пеш аз эшон буданд, ҳамин гуна сухан мегуфтанд. [Афкор ва] Дилҳояшон ҳаммонанди якдигар аст. Бе тардид, мо нишонаҳо [–и яктоӣ ва қудрати хеш]–ро барои гурӯҳе, ки яқин доранд, ошкор ва равшан сохтаем