Яҳудиён гуфтанд: "Масеҳиён барҳақ [ва бар оини саҳеҳе] нестанд" ва масеҳиён [низ] гуфтанд: "Яҳудиён барҳақ [ва бар оини саҳеҳе] нестанд", дар ҳоле ки [ҳар ду гурӯҳи] онон китоб [-и осмонӣ]–ро мехонанд. Ҳамчунин, касоне [монанди мушрикон], ки [аз паёми илоҳӣ ҳеҷ] намедонанд [сухане] ҳаммонанди онон гуфтанд. Пас, Аллоҳ таоло рӯзи қиёмат дар мавриди он чи бо ҳам ихтилоф доштанд, миёнашон доварӣ хоҳад кард