Бисёре аз аҳли китоб, бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, аз рӯӣ ҳасад дӯст доранд шуморо пас аз имон оварданатон ба куфр бозгардонанд. Афв кунед аз камбудӣ ва хатогиҳояшон ва гузашт кунед аз ҷаҳолаташон, то Аллоҳ фармонашро биёварад, ва ба афъоли бадашон онҳоро ба азоб гирифтор кунад, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност!