Аз миёни аҳли китоб онон, ки кофир шуданд ва низ мушрикон дӯст намедоранд, ки аз ҷониби Парвардигор ба шумо хайре (яъне, Куръон, илм, нусрат ё башорат)1 бирасад. Ва ҳол он ки Аллоҳ ҳар касро, ки бихоҳад, ба раҳмати хеш хос мегардонад ва Алдоҳ дорои фазли бузург аст.