Ва аз он чи шаётин дар [аҳди] фармонравоии Сулаймон [бар мардум] мехонданд, пайравӣ карданд [ва муддаӣ шуданд, ки Сулаймон подшоҳии хешро бо сеҳр устувор кардааст] ва [ҳол он ки] Сулаймон [ҳаргиз даст ба сеҳр наолуд] ва кофир нашуд, вале шаётин [ки] куфр варзиданд ба мардум сеҳр меомӯхтанд ва [низ] аз он чи бар ду фаришта: Ҳорут ва Морут дар Бобул нозил шуда буд, [пайравӣ карданд, вале он ду фаришта] ба ҳеҷ кас чизе ёд намедоданд, магар ин ки [қаблан аз рӯйи хайрхоҳӣ ба ӯ] мегуфтанд: "Мо василаи озмоиш ҳастем, пас, [бо истифода бурдани сеҳр] кофир нашав". Онон [яҳудиён] аз он ду [фаришта] чизҳое меомӯхтанд, ки [битавонанд] тавассути он миёни марду ҳамсараш ҷудоӣ афкананд, ҳол он ки бидуни иҷозати Аллоҳ таоло наметавонистанд ба василаи он (сеҳр) ба касе зиёне бирасонанд ва чизе меомӯхтанд, ки [фақат] ба онон зиён мерасонад ва суде намедод ва ҳатман медонистанд, ки ҳар кас [муштоқу] харидори он [ҷодуҳо] бошад, дар охират баҳрае нахоҳад дошт. Агар [ҳақиқатро] медонистанд [мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки] чи баду зишт буд он чи худро ба он фурӯхтанд!