Ҳамоно Парвардигори шумо Аллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз 1 офарид. Сипас бар Арш муставӣ шуд. 2 Шабро ба рӯз мепӯшонад ва шаб шитобон ба дунболи рӯз дар ҳаракат аст. Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари (ромшудаи) фармони Ӯ ҳастанд. Инҳо аз нишонаҳои бузурги Аллоҳанд. Огоҳ бошед, ки Ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Аллоҳ, он Парвардигори ҷаҳониён, бисёр бузург аст ва аз айбу нуқсон пок аст!