Эй фарзандони Одам, ҳамоно барои шумо либосе фиристодем, то шармгоҳатонро бипӯшад ва ин либос зарурӣ аст ва низ либоси зиннатро, ки ин либоси камоли неъмат аст.
Ва либоси парҳезгорӣ, 1 ки ин ба ҷо овардани амрҳои Аллоҳ ва дур будан аз манъкардаҳои Ӯст ва он беҳтарин либос аст барои мӯъмин. Ва ин яке аз оёти Аллоҳ аст, бошад, ки панд гиранд.