Ва (ба ёд ор эй Расул,)
Парвардигори ту аз пушти бани Одам фарзандонашро берун овард1. Ва ононро бар худашон гувоҳ гирифт ва пурсид: «Оё Ман Парвардигоратон нестам?» Гуфтанд: «Оре, гувоҳӣ медиҳем ин ки Ту Парвардигори мо ҳастӣ». То дар рӯзи қиёмат нагӯед, ки мо аз он бехабар будем.