Ва эй Расул, ба ёд ор он гоҳ, ки бани Исроил ба се гурӯҳ тақсим шуданд: (гурӯҳи аввал: золимон, дуввум: насиҳатгарон, сеюм: бетарафон) гурӯҳи бетарафон ба гурӯҳи
насиҳатгарон гуфтанд: «Чаро қавмеро, ки дар рӯзи шанбе аз ҳудуд ва муқарароти Аллоҳ таҷовуз карданд, панд медиҳед, ки Аллоҳ ҳалокашон хоҳад кард ва ба азоби дарднок мубтало хоҳад сохт?» Гурӯҳи насиҳатгарон гуфтанд: «То моро назди Парвардигоратон узре 1 бошад. Ва бошад, ки парҳезгор шаванд. 2