Ва ба ёд ор эй Расул, нофармонии бани Исроил Парвардигорашонро ва паёмбарашон Мӯсо (алайҳиссалом)-ро ва табдил доданашон суханеро, ки ба онҳо фармудашуда буд гуфтанашро, вақте ки Аллоҳ ба онҳо фармуда буд, ки дар ин шаҳр1 сукунат кунед ва ҳар ҷо ҳар чӣ хоҳед, бихӯред ва бигӯед, ки гуноҳони моро бирез ва саҷдакунон (бо фурӯтанӣ) аз дарвоза дохил шавед, то гуноҳонатонро биёмурзем. Ба подоши некӯкорон аз хайри дунё ва охират бароятон хоҳем афзуд. Пас онҳо аз дастури Аллоҳ фармон набурданд.2