Бигӯ (эй Расул, барои тамоми мардум): «Эй мардум, ман фиристодаи Аллоҳ бар ҳамаи шумо ҳастам на барои баъзеи шумо. Он Аллоҳе, ки фармонравоии осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост аз они Ӯст ва ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Ӯ нест. Зинда мекунад ва мемиронад. Пас ба Аллоҳ ва расули Ӯ, он паёмбари уммӣ (дарснахонда), ки ба Аллоҳу суханони ӯ имон дорад, имон биёваред, ки ақида ва амалҳояш ба роҳи дуруст ва рост қарор дорад ва аз ӯ пайравӣ кунед, то манфиъатҳои динӣ ва дунявии худро дарёбед. Бошад, ки ҳидоят шавед!» 1